WEB navis - майдон барои он касоне аст, ки мехоҳанд рушд кунанд.

post-image
Zanjabilbro ба ширкаткунандагони лоиҳаи WEB Navis ва он касоне, ки мехоҳанд блоги худро пеш баранд, чанд маслиҳат дод:
1. Аслӣ будан ҳамавақт урф аст ва инро фаромӯш насозед. Ҳар намуди муҳтаво тамошобини худро дарёфт мекунад. Барои ҳамин бештари вақти худро ба омодаи муҳтавои аслӣ сар кунед 
 
2. Муҳим таҷҳизот нест. Вақте мо нахуст навор гирифт будем, он вақт як телефони куҳна доштем. Баъдан, ки зиёд кор кардем, телефон ва дигар таҷҳизотамонро нав кардем 
 
3. Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накунед, ки ба ягон кас монанд шавед. Ё идеяи каси дигарро такрор кунед. Хуб аст, вақте муҳтавои шуморо такрор мекунанд
 
4. Вебнависони дигарро пайгирӣ кунед. Донистаниҳоятонро нав созед. Ҳамавақт трендҳоро пайгирӣ кунед
 
5. Китоб ҳам хондан хуб аст. Мисол, ман ҳоло китоби Вадим Зеланд – “Трансерфинг реальности” -ро хонда истодаам.
Ва хондан ҳам ба фикрронии мо таъсир мерасонад. Баъдан идеяҳои ҷолиб ҳам ба сар меоянд
вебинар дар доираи лоиҳаи WEB Navis ва бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор мешавад