Коалиция женщин журналистов Таджикистана принимает заявки на участие в тренингах

post-image
Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон барои баланд бардоштани касбияти журналистони минтақавӣ, мутахассисони ВАО, блогерҳо, донишҷӯён тренингҳо баргузор мекунад! 
Тамоюлҳои нав дар журналистика ва машваратҳои ҳуқуқӣ яке аз мавзӯҳои калидии тренингҳо буда, ҳамзамон хоҳишмандонро ба сафи Эътилоф қабул хоҳем кард.  
Тренинги аввал рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Хуҷанд, дар толоти Бизнес инкубатори давлатӣ, баргузор мешавад. 
Барои иштирок дар ин тренинги мо, номи насаби худ, рақами телефон барои тамос ва сабаби иштирок дар тренингро нависед. Ҳамаи ин навиштаро ба почтаи мо info@womenjournalists.tj  фиристед. Агар суоле доред, метавонед ба рақами 981031662 занг занед. 
Тренингҳо мазкур бо дастгирии Internews Tajikistan барои баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои расонаӣ баргузор мешавад. 
То дидор, дар Хуҷанд!