Худи ҳозир оғоз кунед, вагарна дер мешавад

post-image
Иштирокчиёни лоиҳаи WEB Navis бо Субҳон Ҷалилов, ровии маъруфи Тоҷикистон ва директори радиои “Ватан”  вохӯрӣ доштанд.  
Чанд нуктаҳои муҳими Субҳонро  оид ба анҷом додани мусоҳиба ин ҷо ҷамъ овардем:
 
- Пеш аз оғоз, мусоҳибро иҷозат диҳед, ки худро расман муаррифӣ кунад: ному насаб, ҷойи кор ва дигар. Муҳим аст, ки меҳмони барномаи шумо шахсан худро муаррифӣ намояд. 
- Бештар ба макону манзараву ҷойи мусоҳиба аҳамият надиҳед. Асос худи мусоҳиб,  саволҳо ва мавзуъ аст. - - -Мусоҳибатонро гӯш кунед ва эҳтиромашро ба ҷо оред. 
-Пеш аз мусоҳиба ҳамсуҳбати худро омӯзед. Дар борааш қариб ҳама чизро бояд дониста бошед. Вале иттилооти доштаатонро суъистифода ҳам накунед: Мисол, ягон маълумоти шахсиро фош накунед. Ба зиндагии шахсии муоҳиб ҳамроҳ нашавед. Аз рӯйи этика ҳам ин нодуруст аст. Мусоҳибаи шумо мегузарад, вале барои ҳамсуҳбати шумо ин доғ барои як умр мемонад.
- Саволҳои худро пешакӣ ҳатман омода кунед. Хуб мешавад, ки саволҳои шумо аз тарафи муҳаррир таҳрир гардад. -Яъне, аз тарафи як шахси дигар. 
-Ҳуқуқи муаллифиро ҳамавақт риоя кунед.
-Қисмҳои муҳимро аз ҷараёни мусоҳиба қайд кунед. 
 
 
Лоиҳаи WEB Navis бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор мешавад
 
ХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХХ
 
Дӣруз дар доираи лоиҳаи WEB Navis бо Виктория Петрова, вебнавис ва мутахассиси SMM вохӯрӣ баргузор гардид.
Мо бо шумо чанд қисмҳои муҳимро аз суханронии Виктория пешниҳод мекунем:
 
Чӣ тавр зиёд кардани шумораи пайгирон
- муҳтавои доимӣ
- эҷодкорӣ
- тамоюлҳои маъмулро аз рӯи ангезаи тоҷикӣ тағйир диҳед
- вебнависони дигарро натанҳо аз Русия, балки аз Осиёи Марказӣ низ пайгирӣ кунед 
 
Пеш бурдани саҳифаҳои дигаронро омӯзед, агар шумо ин самтро омӯзед, ҳеҷ гоҳ бе кор намемонед
Аз ҳама муҳим он аст, ки шумо бояд пайваста омӯзед. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза таҳаввул меёбанд, аз ин рӯ муҳим аст, ки бо замон мувофиқ бошед
Бифаҳмед, ки шумо дар бораи чӣ блоги худро пеш бурдан мехоҳед. Шумо бояд мавзуъи мушаххасро интихоб кунед
Шумо бояд аудиторияро шавқманд кунед, то тамошобинон муҳтавои шуморо мисли як барномаи телевизионӣ интизор шаванд
Маълумтарин мавзуъҳо барои тамошобинони тоҷик варзиш, ҳазлу шухӣ ва дин мебошанд
 
 Маслиҳат аз Виктория: Худи ҳозир оғоз кунед, вагарна дер мешавад