ЗАНОН ВА МАЙДОНИ ВАСЕЪИ СОҲИБКОРӢ

post-image

Имрӯз Зани тоҷик, Модари тоҷик қудрат ба тавонои ҳама корро  дорад, чи дар сиёсат чи дар иқтисод ва чи паҳлӯҳои дигари муҳими ҳаёти ҷамъияти ва дар баробари ҳамаи ин боз як модари ғамхору катбонуи хуб барои оила будан. Хуб инҷо саволе ба миён меояд, ки агар Зан-Модар тавонад бузургонро ба дунё овардан, пас чаро натавонад ба соҳибкорӣ даст задан?

Имрӯз монеъаҳо дар фаъолияти соҳибкории занону бонувон зиёд ба назар мерасанд, дар бисёре аз ҳолатҳо ҳуқуқҳои онҳо поймол мегарданд. Дар ин самт ҷанбаҳои заиф низ ба амсоли парокандагии кӯшишҳои ташкилотҳои занон, ки ба ҳифзи манфиатҳои занон, номукаммалии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии занон, нокифоягии таҷрибаи сиёсии занон нигаронида шудаанд мебошад.

Як идда мардони ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бар он назаранд, ки кори зан бояд танҳо кори хона бошаду тарбияи фарзанд. Аммо бехабар аз онанд, ки занон корҳои сахту сангинтареро ба ӯҳда доранд, магар дар саҳро дар тамоми фасл корҳои саҳрои аз қабили чидани пахта, ягона кардану чобук кардан ҳатто ҷамоварии ғалладона ва ба амсоли ин дигар корҳо ин дар ҳолест, ки шумораи зиёди мардон имрӯз дар муҳоҷиратанд.

Дар ин самт то имрӯз масҳалаҳои зиёде боқи мондааст, ки барои ҳалу фасли он имрӯз заминаи хуб аст то ин мушкилотҳо бартараф гарданд, ин ҳанӯз ҳам боқӣ мондани ақидаҳои куҳнаи марбут ба нақши занон дар ҷомеа нисбат ба баробарии ҷинсҳо мебошад, фаромуш набояд кард, ки ҳуқуқи марду зан дар кишвари мо баробар аст, гарчанде шумораи зиёде аз мардон инро қабул надоранд. Чун сухан дар боби кору фаолияти занон меравад як идда мардон андешаашон ин аст, ки занро ба сиёсату иқтисод ва тиҷорату соҳибкори чӣ?

Шумораи зиёди занҳост, имрӯз дар кишвар, ки дар ин самт то андозае муваффақ шуданд, барои тиҷорати васеъ ва майдони бузург дар тиҷорату соҳибкорӣ барои худ ва ояндаи фарзандонашон шароити беҳтарерро  муҳайё сохтанд. Пас занонро лозим меояд, ки қави бошанду талошҳои зиёдтаре намоянд ва аз иқдомҳои пешанамудаашон набояд даст кашанд, бояд бар он бовар бошанд, ки занон на танҳо дар сиёсату иқтисод соҳбикори ва тиҷорат ба хариду фуруш ва дигар корҳо машғул мешаванд, балки барои сохтмону дар кор даровардани корхонаҳои хурду калони саноати, ки ҷои кор барои на танҳо занон балки барои он мардоне, ки ҷои кор надоранд шароити хуби кори фароҳам биёранд. Зеро таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат дар зикр намудани саҳми занон омадааст, ки “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ” хеле бузург мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Имрӯзҳо бо иштироки занони соҳибкор дар рушди ҳама гуна соҳаҳои мамлакат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, зеро давлату ҳукумат барои ҷалби занон ба рушди фаъолияти онҳо дар ин бахшҳо дар маҷмӯъ ба рушди ҳамагуна соҳаҳо мусоидат мекунад.

Имрӯзҳо мушоҳидаҳо бозгӯй онанд, ки назар ба чанд соли қабли фаъолияти занону бонувон дар самти соҳибкорӣ ба маротиб афзудаистодааст. Ҷомеаи Тоҷикистонро мебояд барои занону бонувони соҳибкор фазои амнтарреро муҳайё созанд. Бонувони тоҷик барои комёб шудан дар соҳибкорӣ ангезаи қавитар доранд ва дар ин авохир аллакай дар тиҷорати калон низ ба истилоҳ лидер –занҳо хело зиёд ба чашм мерасанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯзҳо монеъи ба соҳибкорӣ рӯ оварадани занон мешавад, ин но бовари ба худи онҳост, онҳо аз тавакал кардан меҳаросанд, шонсҳои дар даст доштаи худро таҷриба кардан наметавонад, аз муфлисшавӣ ва варшикасатгӣ метарасанд. Аз ин рӯ ягона роҳе, ки метавонад шуморо аз ин мушкилот дур созад, ин қавӣ будданду боварӣ ба худ доштан аст, то ба нуқтаи асосии ҳадафҳоятон рафта расед, ҳарчанд ҳукумати кишвар барои рафъи монеаҳои мавҷуда дар ин самт ва мусоидат ба тавсеаи соҳибкории занҳо талош мекунад, аммо боз ҳам ниёз ба қабули барномаи махсус дар ин замина вуҷуд дорад, ки битавонад, аз як тараф мушкили соҳибкории занонро осон кунад ва аз тарафи дигар имтиёзҳоеро барои онҳо дар назар бигирад.

Бо дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон имкониятҳо ва ҳуқуқҳои иқтисодии занон афзоиш меёбанд. Чи тавре, ки мушоҳида кардем, занон худашон инкишоф меёбанд ва барои донишҳои андӯхтаашонро мукамалтар кардану дар амал татбиқ кардан инчунин якдигарро дастгирӣ мекунанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Рушди занон барои рушди на танҳо тиҷорат, балки тамоми давлат муҳим аст. Корхонаҳое, ки аз ҷониби занони соҳибкор сохта ва мавриди истифода қарор мегиранд, чӣ қадар зиёд бошанд, ҳамон қадар барои боло бурдани шарту шароити зиндагии мардум чи дар шаҳр ва чи дар ноҳияҳои дурдаст хубтару беҳтар аст.

Имрӯз саволе зеҳнҳоро таҳрик мекунад, ки чаро дастгирии занони соҳибкор ва рушди тиҷорати онҳо муҳим аст?

 Зеро ин устувории молиявии оилаҳо ва дар маҷмӯъ кишварро афзун мекунад. Албатта, барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои пешбурди тиҷорати занон ҳанӯз вақт ва кӯшиши зиёд лозиманд. Маҳдудиятҳоеро, ки ба рушди соҳибкории занон халал мерасонанд, аз байн бурдан, барои рушди соҳибкории занон дар маҷмӯъ дар кишвар шароити мусоид фароҳам овардан, зарур аст. Ин ду мисраъи шеъри низ далели гуфтаҳои болост.

Ба он ҷое, ки бошанд шерон далер,

Диловартар аз шер бувад модашер!!!