Кӣ Тоҷикистонро дар Токио-2021 муаррифӣ мекунад?

post-image

23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ моҳи январи соли 1948, ҳангоми иҷлосияи 42-юм дар Санкт-Морис аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. 

Ин сана бо мақсади ҷовидон кардани санаи таъсиси КБО, ки ба таърихи 23 июни соли 1894 рост меояд, интихоб шудааст. Баъди баргузории аввалин Олимпиада дар Юнон, соли 1896, ҳаваскори эҳёи ҳаракати олимпӣ Барон Пьер де Кубертен роҳбарии КБО ба ӯҳда гирифт. 

 

Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо варзишгарони арзандаи худро ба бозиҳои олимпӣ равон мекунад. Бозиҳои навбатии олимпӣ, ки бояд соли 2020 дар Токио баргузор мешуданд, бинобар сабаби пандемия ба имсол гузошта шуданд.

Олимпиадаи Токио-2021 тобистони имсол аз 23- юми июл то 9- уми август дар Ҷопон баргузор мегардад. Аз Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгарони мазкур: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (бокс) , Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо вазни -90 кг), Темур Раҳимов (ҷудо, вазни 100 кг), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, вазни 73 кг) ва Акмал Муродов (ҷудо, вазни 81 кг) намояндагӣ мекунанд.

Варзишагароне, ки дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бозиҳои олимпӣ парчами кишварро баланд кардаанд:

  1. Расул Боқиев, медали бринҷӣ, ҷудо, Пекин-2008, Хитой
  2. Мавзуна Чориева, медали биринҷӣ, муштзанӣ, Лондон -2012, Англия
  3. Дилшод Назаров, медали тиллои, гурзпартоӣ, Рио -Де-Жанейро-2016, Бразилия

Варзишгарони тоҷикистоние, ки дар замони Шӯравӣ дар Олимпиадаҳо соҳиби медал шудаанд.

Зебуннисо Рустамова, медали биринҷӣ, камонварӣ, Монреал-1976, Канада

Анатолий Старостин, медали тиллоӣ,  варзиши сабук, Москва-1980, Русия

Юрий Лобанов, медали биринҷӣ,  қаиқронӣ (гонка на каноэ), Москва-1980, Русия 

Андрей Абдувалиев, медали тиллоӣ, гурзпартоӣ, Барселона-1992, Испания

 

#олимпиада

#тоҷикистон

#токио

#соседи

#ҳамсоя

#қўшнилар

#internewstj

#MediaCAMP

#USAID

#ZiraMedia

#DastBaDast

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. "Зира Медиа" барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.